Для работы данного функционала, пожалуйста, обновите настройки cookies .
Нажмите ”Разрешить Bсе” или просто активируйте «Целевые файлы cookies» .
Продолжая пользоваться сайтом, Вы принимаете Политику конфиденциальности Авааз, в которой разъясняется, как могут быть использованы Ваши данные и как обеспечивается их защита.
Понятно
Мы используем cookies, чтобы лучше понимать, как люди пользуются нашим сайтом. Это помогает нам обеспечивать наилучший пользовательский опыт для вас. Вы можете ознакомиться с нашей политикой Cookies .
ОК
БА ҲАМА! БА ҲАР ШАХСИ ИМОНДОР!БА ҲАР ТОҶИКИ БОШАРАФ!АГАР ХУДРО ЧУНИН ШАХС
ШУМОРИ, ПАС ЗЕРИ ИН ХУҶҶАТ ИМЗО ГУЗОР!ИМПИЧМЕНТИ  ПРЕЗИДЕНТИ ҒАЙРИКОНУНИИ ТОЧИКИСТОН!

БА ҲАМА! БА ҲАР ШАХСИ ИМОНДОР!БА ҲАР ТОҶИКИ БОШАРАФ!АГАР ХУДРО ЧУНИН ШАХС ШУМОРИ, ПАС ЗЕРИ ИН ХУҶҶАТ ИМЗО ГУЗОР!ИМПИЧМЕНТИ  ПРЕЗИДЕНТИ ҒАЙРИКОНУНИИ ТОЧИКИСТОН!

1 подписали петицию. Давайте соберем
50 Сторонники

Закрыть

Подписать

,
Avaaz.org защищает Вашу конфиденциальность и будет информировать Вас об этой и подобных кампаниях
Эта петиция была создана пользователем Рустам К., чье мнение может не совпадать с мнением сообщества Авааз.
Рустам К.
создал эту петицию с обращением к
Не доверя Президенту Таджикистана Рахмону и его правительства
Мардуми шарифи мусалмони Тоҷикистон ва муҳоҷирони ҷафокашидаи тоҷик худ хонеду қазоват кунед&excl
Ба ном "Ҷаноби олию пешвою асосгузору кахрамону фалону фалон...." гуфтан наметавон махбуби мардум гардид, модоме, ки дар ҳақиқат чунин нест ва таи 25 сол то имрӯз ин мардум аз дасти ин "қаҳрамон" дар ба дару ғулому ғарибибу сиёҳ гаштаанд. Ба ҳамагон ин маълум аст, аммо бори дигар ба ҳамагон хиёнатҳои кардаи ин "қаҳрмонро" мегуему ба Шумо азизон ҳавола мекунем, агар ба ин айбномаи эълоншуда ҳамфикр хастед, пас имзои худро натарсида дареғ надоред&excl

ХИЁНАТҲО, АҲДШИКАНИҲО ВА ПОЙМОЛ НАМУДАНИ КУЛЛИ ҚОНУНГУЗОРИҲО ИН "ҚАҲРАМОН"

1)Ғайриқонуни зиёда аз 23 сол вазифаро забт намудану сари мардуми мусалмон дар намуди сахтарин, зулму ситам намуданатон&excl

2)Замини Тоҷикистони камзаминро ба Чин ғайри қонуни фурӯхтанатону пули онро ба ҷайби худ дар ҳисобҳои хориҷии наздикони худат гузаронидан&excl Ин хиёнатро дар таърихи миллат касе накарда буд, ки Шумо кардед, ки номаш ВАТАНФУРУШ аст&excl

3)Зиёда аз 2 млн нафар мардуми бумии Тоҷикистонро беватану ғуломи миллати бегона намуданатон. Ки ҳар сол зиёда аз 1000 бори “200” танҳо аз Руссия меояду ва ҳазорҳо тоҷики бесоҳиб бе гунаҳ дар зиндонҳои руссия умри худро ба бод дода истодаанд&excl

4)Фаҳшу фасодро дар сатҳи оли бароварданатон. Намедонед&quest Нархи вазифаи Раиси ноҳия ва сардори ШКД, прокурор ва судя ро намедонед&quest Хандаовар ҳа, аз 100 ҳазор доллар сар мешавад. Нархи қитъаи заминро чи&quest Ҳаҷати илова намудани мактабу дармонгоҳо нест....

5) Ғорати гранту қарзҳои ба Тоҷикистон додашуда, намедонед&quest Наход, Оё намедонед, ки Кумитаи ҷавонон, ки зери роҳбари бевоситаи Шумо фаъолият менамояд акнун ҳамчун фасодкор дар руйхати сиёҳи чанд ташкилотҳои байналхалқии грандиҳанда шомил шудааст&excl Ин аз нуги хамир фатир не ҳато кулча нест

6) Ғорати Талко ва Барқи Тоҷик, ки гувоҳи ин натиҷаи аудити байналхалқӣ мебошад. Хасанбойбачаро мешиноси бо аждоҳои дасти росташ Шерали Кабиров&excl&quest Ки ба таври солона зиёда аз 500 миллион доллари амрикоиро аз Талко дуздида ба ҳисобҳои Шумо мегузаронанд, гувоҳи ин ба ҳоли бади молиявӣ дучор шудани ин корхона ва ҳисоботи аудити байналхалқӣ, мебошад.

7) Ҳукумати криминалӣ ва қабилавӣ ташкил намуданатон, ки хилофи Сарқонуни Тоҷикистон мебошад (ҷиянатон &dash Давлатали Саидов ҷонишини аввали Сарвазир, ки худи Сарвазир бе имзои ҷиянатон ягон коре карда наметавонад, Рустами Эмомалӣ &dashРаиси оҷонсии фасод (мешиносӣ&quest), Озода Раҳмон &dash Раиси дастгохатон , шавҳари Озода Ҷамолиддин Нуралиев &dashҷонишини аввали БМТ, Молики IRS, СпитаменБонк, ки бе фармони ӯ Раиси БМТ ҳато хоҷатхона намеравад ва ин рӯйхатро агар давом диҳем дар Данғара дигар одам намемонад. Матлубу номатлубҳои бисёри дигар&excl

8) Куштори шахсони зерин, ки бо супориши бевоситаи Шумо бо роҳои гуногун (куштор, терор, заҳролуднамоӣ) амалӣ карда шудаанд&colon Юсуф Исҳоқӣ, М.Ғуломов, Карим Юлдош, М.Осимӣ, М.Олимпур, О.Латифӣ, Тоҳири Абдуҷабор, С.Кенҷаев, А.Соҳибназаров, Саид Абдулоҳи Нурӣ, Ҳиматзода, Генерал Мирзо Зиёев, Мунаваршо Назриев, Ҳомидов (Собиқ Раиси вилояти Суғд), Имомназари Бадахшонӣ, Алии Бедакӣ, Маҳмадназар Солиҳов, Сангаку Файзалӣ, Суҳроб Қосим, Ҳочи Ҳалим ва бо монанди инҳо&excl

9) Барои ғайриқонуни бо супориши бевоситаи Шумо ва фарзандонатон ба зиндон дохтан ва бизнесу молу мулки шахсони зеринро ғорат кардан ва аз худ карданатон&colon Зайд Саид, Охунов (Директори ширкати Мавроунаҳр), Маъруф Орипов (Орима), Маҳмадрӯзи Искандаров (сарсупурдаи миллат), Ёкуб Салим (роҳзанҳои собиқи Шумо), Ғафор Мирзо (Сарроҳзани собиқи Шумо) ва ба монанд инҳо.

10) Тамоми корхонаю идораҳои бизнеси мамалакатро аз дигарон ғорат намуда ба дасти хешу таборону фарзанду домодҳотон додан, аз қабили&colon Сомон Суғд (ки тамоми фабрикаву заводу корхонаҳои калонтарини вилояти Суғдро кашида гирифтааст), Исмоили Сомонӣ асри 20&dash21 (тамоми кархонаҳои калонтарини вилояти хатлонро кашида гирифтааст), Пахтаи Шаҳритуз (тамоми бизнеси пахтаи мамалакатро монополия кардааст), Ориёнбонк (аз дасти ин бонк Барқи Тоҷик ба қариби барҳам хоҳад хурд ва ба дасти додар арусат хоҳад хурд), Тоҷирон, Фароз, Талкосервис, АвтоСантал, Ориен ва Лидер Иншуренс, Сомонэйр, Спитаменнбонк, IRS, ОриенМедиа, ва ба монанди инҳо, ки аз нуги хафир фатир ҳам нестанд.

11)Бебарқӣ, Бегазӣ, Бекорӣ, Фосиқӣ, Фасод.

12) Қонунҳои зидди мардумию зиди динӣ қабул карданатон ва манъи сатру ришу ба масоҷид рафтани ҷавонони то 18 сола, ки амали зиди фарзҳои Худованду сунатҳои Расули Худо, мебошанд;. Вайрон ва бастани садхо масоҷидҳои кишвар.

13) Таъкиб ва бадном намудани шахсон ва ҳизбхои мухолифатон аз қабили Додочони Атавулло, Эшони Нуридинҷон, Ҳочӣ Мирзо, Ҳочӣ Акбар Тураҷонзода, М.Кабирӣ, Р.Зоиров, Умаралӣ Қувватов, Шарофидин Гадоев, Гулрухсор, Мӯъми Қаноат, ҲНИТ, ҲСДТ ва як қатор журналистони варзида.

14) Шумо то он дараҷае метарсед, ки ҳатто вакилони Зайд Саидро Ф. Зокиров ва Шуҳрат Қудратовро аз тарсу ҳаросатон бе гуноҳ ба зиндон кашидаед&excl

15) Бастани ҲНИТ, рӯзнамохои озод фикр, аз қабили Рӯзи нав, Ҳафта, Наҷот ва саҳифаҳои интенетӣ аз қабили Youtube, Facebook, Однокласники ва ба монанди ин сайтҳо ба монанди инҳо.

16) Бомбаборон намудани мардуми худотарсу бегуноҳи ноҳияи Ғарм ва беамон қатл намудани мардуми мусалмони ин минтақа соли 1993, ки рӯзаш меояд Шумо барои генодсиди ин мардум ҷавоб хоҳед гуфт&excl

17) Куштани 25 нафар наваскарон дар дараи Камароби Ғарм аз тарафи хадамотҳои ҷосусиатон ва ин гуноҳи худро вогузоштан бе суду бе довар ба гардани Алии Бедакӣ, ки ӯ ин амалро анҷом надодааст. Барои ҳамин уро ғайри қонуни куштед то сиратон фош нашавад.

18) Куштору ғорати мардуми бегуноҳи Бадахшон ки ин ҳам генодсид мебошад;

19) Гурезонидани оилаи Ҳукумовҳо аз ҷазо барои чанд нафаро куштану ва чанд нафари дигаро маъюби як умра намуданашон;

20) Ғасби бозори Инъоми Шаҳритуз аз тарафи додарарусатон, Муҳиби касиф;

21) Дуздидани овозҳои додаи мардум ба ҲНИТ дар ду интихоботи охири парлумон ва бо тӯҳмат бастани ин ҳизб;

22) Фармоиш додани куштори Умаралӣ Қувватов ва ба қатл расонидани ӯ;

23) Ғайри қонуни ва дуздида овардани М.Искандаров, Мақсуд Иброҳимов ва ба монанди инҳо аз Руссияи русиёҳ&excl

24) Ғайри қонуни бастани ҲНИТ ва ба зиндон кашондани роҳбарияти ин ҳизб ва ташкили спетакли қиёми Ҳоҷи Ҳалим

25) Ғайри қонуни ба зиндон кашидани Бузургмеҳр Ёров барои даст накашидан аз ҳимояи муборизони роҳи ислом&dash роҳбарияти ҲНИТ

26) Акнун навбати бонкҳо расид&excl Домод ғасби пурраи системаи бонкиро оғоз намуд&excl Фононбонк &dash акнун зери фишор ба маъмурияти муввақатии домод гузашт, то чи тавр роҳи фӯру бурдани онро тезтар ёбанду фӯру баранд. Бонки баъди кадом бошад&quest

Агар ин руйхатро давом диҳем умр мегузараду ин руйхат тамом нашуда мемонад.

Интихоботи охирон нишон дод ки Шумо барои дар сари вазифа монданатон ба ҳар кору қонуншикании бадтарин даст хоҳед зад. Биёед аз бадтар дигар расвогӣ боқӣ хоҳад монд. Зонки аз ҳад бигзарад расво шавад гуфтаанд. Биёед бо хешу таборонатон вазифаҳоро ба дигарон супоред. Пулу боигарии ҷамъкардаатон ба миллион соли дигар мерасад барои тамоми авлодатон&excl Биёед бори дигар мамалакатро ба хоку хун оғушта накунед&excl Дар акси ҳол дигар роҳе намемонад ва такдири Садом Ҳусен, Наҷибулох, Кадафӣ ва ба монанди инҳо думболагиратон хоҳад буд&excl

Ман ба Шумо бовар надоштаму надорам&excl

Аз Шумо ҳато вазоротҳои ҳифозати безор шудаанд. Кани Гулмурод Ҳалимов&quest

Мардуми бо ору ба номусу мусалмони тоҷик бархезед ба митингу роҳпаймоҳиҳои сулҳона дар саросари кишвар, то аз ҳам пош хурдани ин режими касифу ғоратгару фосиқу хиёнаткору ватанфӯрушу муртад&excl

Дар охир ба тамоми ҳамватанон муроҷиат менамоям, ки касе ба ман ҳамфикр мебошад, инҷо имзои (агар тарсад пас имзои истиори) худро гузошта ва аз мардуми Гурҷистону Қирғистону ва Украинаи имрӯза сабақ гирифта барои барканории Раҳмон ва командааш бархезед&excl Боди ОЗОДӢ мевазад дустон&excl

БАРХЕЗ ЭЙ МАРДУМИ ҶАФОДИДАИ ТОҶИК БАҲРИ ОЗОДИИ ХУД&excl&excl

БАРХЕЗ&excl БАРХЕЗ&excl БАРХЕЗ&excl

ОЗОДӢ БА ТОҶИКИСТОНУ ТОҶИКИСТОНИЁН&excl
Опубликовано (Обновление )